Text size
  • Increase font size
  • Default font size
  • Decrease font size

Пешрафт

Равоншиноси ва корбурду фавоиди он дар ҷомеа

Равоншиноси ва корбурду фавоиди он дар ҷомеа

Бо вуҷуди рушд ва густариши илм ва техника дар ҷахон, мутаассифона дар ҷомеаи мо баъзе улум то ҳанӯз ношинохта мондаанд. Аз ҷумла, метавон аз илми равоншиносӣ ном бурд. Агар мо ба сохторҳои зербиноӣ ва таълимии кишварҳои пешрафта назар афканем мебинем, ки равоншиносӣ дар ин кишварҳо ҷойгоҳ ва эътибори хоссе дорад. Ба хотири аҳамияти зиёд доштани ин илм дар аксари заминаҳо аз ин илм истифода мебаранд ва риштаҳои зиёде аз равоншиносӣ дар ин кишварҳо арзи вуҷуд карда аст. Барои мисол метавонем аз ин риштаҳои равоншиносӣ ном бибарем

-равоншиносии умумӣ

-равоншиносии тарбиятӣ

-равоншиносии санъатӣ

-равоншиносии кӯдакони истисноӣ

-равоншиносии шахсият

-равоншиносии рушд

-равоншиносии хонавода

-равоншиносии иҷтимоӣ

-равоншиносии байни фарҳангӣ

-равоншиносии ҷиноӣ

-равоншиносии болинӣ

Ва чандин зершохаҳои дигар, ки дар кишварҳои пешрафта корбурд  ва тадрис мешаванд. Ба ибораи дигар яке аз корҳои аслии илми равоншиносӣ ин шиносоии истеъдодҳои зотии инсонхо ва дар масири дуруст роҳнамоӣ кардани онҳост. Равоншиносӣ илмест, ки метавонад заминасози рушди иҷтимоӣ, тавсиаи иқтисодӣ, нумувви сиёсӣ, пешрафти  фарҳангӣ ва дар кул(л) ҳама гуна пешрафт  бошад.

Инчунин имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон ба саломатии равонии инсонҳо аҳамияти зиёде медиҳанд ва ҳатто олимони тиб ба ин натиҷа расидаанд, ки 80% бемориҳои ҷисмӣ заминаи равонӣ доранд.

Аммо мутаассифона дар ҷомеаи имрӯзаи мо ба ин илми бисёр муҳим,чандон таваҷҷуҳ намешавад. Бинобар ин, мо мехоҳем дар ин мақола дар бораи таърифи илми равоншиносӣ ва фавоиди ин илм каме ҳам бошад равшанӣ андозем.

Таърифи

равоншиносӣ

Равоншиносӣ иборат аз таҳқиқ ва баррасии илмӣ дар рафтори мавҷуди зинда аст ва ба он шоха аз маърифати одамӣ гуфта мешавад, ки ёфтаҳо ва кашфиёти он аз роҳи малакаҳо ва усули мавриди қабули равоншиносон ба даст омада бошад. Тавре ки мушоҳида мешавад равоншиносӣ, тавзеҳи илмӣ дар бораи рафтори мавҷуди зинда аст, на танҳо дар бораи инсон. Рафтор ба ҳар куниш ва вокунише гуфта мешавад, ки аз мавҷуди зинда ба сурати ошкор ва пинҳон сар мезанад. Чунонки баланду паст гап задан, тез роҳ рафтан ва ҳатто нигоҳ ва сукут ҳам дар равоншиносӣ рафтор шумурда мешавад. Пас рафтор амре махсус аст ва ҷанбаи каммию     кайфӣ ва шиддату заъф дорад, ҳамон гуна ки дар илми физика шиддати нур ва савтро андоза мегиранд, дар равоншиносӣ низ метавон аз роҳи санҷиш ба каммияту кайфият ва шиддати рафтор пай бурд.

Ҳама медонанд, ки ҳеҷ рафторе бидуни иллат ба вуҷуд намеояд. Дар истилоҳи равоншиносӣ иллатро муҳаррик ё ангеза ва рафторро посухи он меноманд.

Ангезаҳо ва ё ниёзҳо дар инсонҳо ҳаргунаанд, ки равоншиносон ба тариқаҳои гуногун онҳоро табақабандӣ ва муаррифӣ кардаанд, вале  матраҳ кардани онҳо фурсати хосси худро металабад.

 

Равоншиносӣ

ба мо чӣ меомӯзад?

1. -Равоншиносӣ усули куллии нозир бар рафторро бо дар назар гирифтани тафовутҳои фардӣ ва шароити марбут ба он (муҳит, замон, фарҳанг ва ғайра) мушаххас мекунад.

2. - Баён мекунад, ки омилҳои ирсӣ ва муҳитӣ ба сурати ҷудогона ё ба таври мутақобил дар эҷоди рафтор чи таъсире доранд.

3. - Ниёзҳо ва имконоти кӯдакон, навҷавонон ва бузургсолонро аз назари рушди баданӣ, ҳаяҷонӣ, иҷтимоӣ, ақлӣ ва фикрӣ равшан месозад.

4. - Ҳудуд ва масири рушду пешрафт ва анвои истеъдодҳои зотӣ ва иктисобии афродро муайян мекунад.

5. - Ба мо нишон медиҳад, ки ёдгирӣ ва интиқоли он, ёдоварӣ ва фаромӯшӣ чигуна сурат мегирад.

6. - Волидайн, муаллимон ва мураббиёнро бо чигунагии равонӣ, истеъдод ва шахсияти фарзандон ва шогирдон ошно месозад ва ба онҳо меомӯзад, ки чигуна рафторе онҳоро солим ва барои ҷомеа муфид ва таъсиргузор ба бор меоварад.

7. - Навъҳои нокомӣ, таорузҳои равонӣ ва роҳи муқобила бо онҳоро мушаххас месозад.

8. - Шароити назорат бар беҳбудии кор, робитаи созанда миёни коргар ва корфармо ва ҳамчунин коҳиш ва афзоиши маҳсул ва тавлидро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Ончи дар боло зикр шуд намунаҳои мухтасар ва кӯтоҳе аз фавоиди гуногуни равоншиносӣ мебошанд.

Аммо яке аз шохаҳои аслии равоншиносӣ, ки дар ҷомеаи мо аз он шадидан ғафлат шудааст, ин равоншиносии болинӣ мебошад. Ҳама медонанд, ки дар ҷомеаи мо бемориҳои равонӣ ба таври аҷибе густариш ёфтаанд, хосса бемориҳое, ки ҷанбаи физёлогӣ надоранд ва сирф равонӣ ҳастанд. Аммо мардуми мо аз рӯйи ноогоҳӣ ин бемориро марбут ба ҷин медонанд. Мо вуҷуди ҷинро инкор намекунем, вале он дар ҳолатҳои хеле нодир ва истисноӣ  аст.

Ончи имрӯз дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад мушкилоти равоние ҳастанд, ки бар асари фишорҳои мухталиф ба вуҷуд омадаанд. Аз онҷое, ки маншаи аслии аксари бемориҳои равони изтироб (стресс) аст ва дар ҷомеаи мо ин омили беморизо дар ҳар қадам мушоҳида мешавад, нохудогоҳ мардуми мо фарофиканӣ намуда бори мушкилоти худро бар гардани ҷин меандозанд. Дар ҳоле ки омилҳои бештари ин бемориҳоро бояд дар мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ҳатто мазҳабӣ  ҷустуҷӯ намуд. Саросари зиндагии мардуми моро имрӯз изтироб ва нигаронӣ фаро гирифтааст, ки омили аслии бемориҳои равонӣ маҳсуб мешаванд. Ноогоҳӣ аз илми равоншиносӣ боиси рӯ овардани мардум ба фолбинҳо, ҷодугарҳо ва баъзе муллоҳои фурсатталаб шудааст. Албатта мо дармон бо Қуръонро рад намекунем, вале он ҳам равиши махсус ва мавқеи худро дорад. Аммо ҳамаи бемориҳои равониро ба ҷин нисбат додан на аз рӯйи мантиқ аст  ва на аз рӯйи инсоф. Пас мо бояд илми равоншиносиро дар ҷомеаи худ бештар муаррифӣ намоем, то  мардум бемориҳои равониро хамчун бемориҳои ҷисмӣ як навъи беморӣ қабул кунанд, на девонагӣ, ҷинзадагӣ, балои осмонӣ ва ё марбут ба деву парӣ. Дар воқеъ метавонем бигӯем, ки инсон ҳамеша дар талош аст, то  дар бораи ҳамаи мавҷудоти атрофи худ огоҳӣ пайдо кунад, вале аз олами вуҷуди худ ҳамеша ғафлат намудааст. Ин ғафлат дар ҷомеаҳои шуравии собиқ ба хотири идеалогияи он замон хеле зиёд эҳсос мешавад. Бинобарин мардуми моро лозим аст, ки дар ин замина бештар ҷустуҷӯ намоянд.

Мушкилии дигар онаст, ки мардуми мо ҳанӯз равоншиносиро ба унвони як илм намешиносанд. Фикр мекунанд, ки ҳар кӣ бо мардум иртиботи наздик дошта бошад ва баъзе аз сифоти шахсӣ ва хусусиятҳои руҳу равонии онҳоро шиносад равоншинос аст. Дар ҳоле ки равоншиносӣ  дар ин сифот ва хусусиёт хулоса намешавад ва инҳо ҷузъи кӯчаке аз равоншиносӣ ҳастанд. Равоншиносӣ тамоми ҷанбаҳои зеҳнӣ, руҳӣ, равонӣ, фикрӣ, мантиқи эҳсоси ҳаяҷонӣ ва ғайраро аз рафтори инсон баррасӣ ва таҳлил намуда, вазъияти равонии шахс ё гурӯҳро муайян мекунад. Бинобарин мо бояд ба равоншиносӣ ҳамчун илми зербинои тавсеа ва рушди улуми инсонӣ аҳамияти бештаре бидиҳем ва мардумро бо ин илм бештар ошно намоем. Махсусан равоншиносон бояд дар заминаи бемориҳои равони ва дармони онҳо таваҷҷуҳи бештаре ба харч бидиҳанд то саломатии тану равонро барои ҳамаи афроди ҷомеа имконпазир созанд.

Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест,

Лек касро диди ҷон дастур нест.

Дар кишварҳои пешрафтаи дунё барои аҳамияти ин мавзӯъ дар мактабҳои миёна барои истеъдодёбӣ ва ҳалли мушкилоти хонандагон аз як равоншиноси мушовир ҳатман истифода мекунанд, аммо дар мактабҳои мо то ҳол ба аҳамияти ин мавзӯъ пай набурдаанд,  Махсусан, мушовири таҳсилӣ ва мушовири хонавода дар кишварҳои пешрафта ҷойгоҳи хоссе дорад, ки метавонад барои интихоби дурусти масири таҳсил ва мустаҳкам кардани пояи хонавода муассир бошад,

Инчунин тадриси равоншиносӣ дар тамоми дунё дар макотиби миёна ба роҳ монда мешавад, аммо дар кишвари мо ҳанӯз барномае дар ин бора рӯйи даст нест.  Агар мардум бо моҳияти ин илм ошноӣ пайдо кунанд, метавонанд, хеле аз мушкилоти худро дуруст шинохта ва ҳал намоянд., Аз ҳама муҳимтар дар сохтани шахсияти кӯдаконашон аз ин илм истифода мекунанд ва ба ҷомеа фарзандеро муаррифӣ мекунанд, ки барои ояндаи худаш ҳадафе дорад ва дар водии  зиндагӣ беҳуввият ва саргардон намемонад ва инчунин афроде метавонанд ояндаи ҷомеаи худро бисозанд ва ҳатто тағйир диҳанд.

Бобоҷон Қаюмзода

 

То дар имтиҳон комёб шавӣ

То дар имтиҳон комёб шавӣ

Бародару хоҳари донишҷӯ, ба хотири фарораси мавсими санҷишу имтмҳонҳо барои шумо баъзе насиҳатҳоро пешкаш мекунам, то сабаби комёбии шумо гардад.

Якум. Холис гардонидани ни...

Қудрати замири нохудогоҳ

Қудрати замири нохудогоҳ

Воқеан агар мехоҳед, ки ба муваффақият ва комёбӣ даст ёбед, бояд бидонед ки зеҳни нохудогоҳатон чигуна кор мекунад ва аз худ вокуниш нишон медиҳад. Бояд эътиқод дошта бош...

Суханҳои калидӣ

Суханҳои калидӣ

1-Биёед ҳарчизро дар ҷойи худ ва инсонро дар мақоми инсоният дарк кунем.

2-Биёед кӯшиш кунем, то вожаи "наметавонам"-ро аз дафтари зиндагии хеш бизудоем.

3-Ҳеҷгоҳ худро бо ...

Оё медонед, ки...

… Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент ва маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

Тарроҳи сомона

Омор

Ҳоло 12 меҳмон дар онлайн
mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз39
mod_vvisit_counterДирӯз196
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4969

Назарҳои охирин

  • Бо ҳуш бош хоҳарам
    bale
    Назар аз: tohir
  • Ростгӯй
    POKIZSASHAVU ROST BIZI ILM OMUZ
    Назар аз: aSMO HON
  • Бо ҳуш бош хоҳарам
    MOshoalloh !!!!!!!!!!Agar hamai zanon hamin tavr boshan ...
    Назар аз: Asmo
  • Ба фарзандон дуои бад макунед!
    Фарзанд меваи умри инсон аст. Падару модарро бо фарзандашон мешиносанд. Имрузхо зиёд мешунавем,ки па...
    Назар аз: Самариддин Мирзоев З
  • Шуайб(а)
    Чиба сомонаи Ховар чо дода шудааст? О ин сомона барои тахкир ба бадбинии пешвохо ва мусалмонони Точи...
    Назар аз: Бандаи Худо
  • Дарди дили як ошиқ
    Салом ба шумо бандагони Хак(ч).умед дорем ин марди наку бо амри Аллох ба нияти кардааш мерасад ба ди...
    Назар аз: Нориён Спитамен
  • Наҷоти ҷасади Фиръавн
    МошоАллох
    Назар аз: Зухро

Пайвандҳои муфид

Harunyahya.ru
Бахши русии ташкилоти байналмилалии Ҳорун Яҳё
Quran.com
Сомонаи Қуръони карим
Quranflash.com
Қуръони карим дар шакли flash
Wasatiyat
Сомонаи "Васатият"
khovar.tj
НИАТ "Ховар"