Text size
  • Increase font size
  • Default font size
  • Decrease font size

Мақолаҳои илмӣ

Нашъамандӣ дар раҳми модар

Нашъамандӣ  дар раҳми модар

Рӯзе дар яке аз қанотҳои моҳвора барномае ба номи "Ғамхорӣ бар нашъамандон" шурӯъ шуд. Вақте номи барномаро фаҳмидам ба худ гуфтам, ки дар ин барнома  ҳатман чизҳои муфиде ба даст биорам, то барои дар ҷомеаи худамон  тавонам кӯмаке барои пешгирӣ аз ин вабои аср-нашъамандӣ, саҳме дошта бошам. Ин барномаро то охир тамошо кардам ва хеле таассуроте аз он гирифтам. Дар барнома чанд духтур ва чанд ҷавоне, ки нашъаманд буданд, иштирок доштанд. Аз онҳо суол мекарданд, ки аз кай шумо нашъаманд шудед? Чӣ сабаб шуд, ки шумо нашъаманд шудед? Ҳар кадоме аз онҳо ҷавобҳои мухталифе медоданд. Яке мегуфт, ки маро яке аз рафиқонам ба ин вабо дучор кард.  Дигаре мегуфт, ки ман худам ба ихтиёри  худ  ин маводди мухаддиро истифода бурдам, чунки  падару модар пули зиёде дар ихтиёрам гузошта буданд ва аслан намепурсиданд, ки ман бо кӣ рафиқам ва ин пулҳоро дар куҷо сарф мекунам. Яке аз онҳо ҷавоби аҷибе дод, ки ман ҳам мехоҳам сари ҳамин мавзӯъ матлаберо барои шумо хонандаи гиромӣ пешкаш кунам: Яке аз он ҷавонони нашъаманд гуфт: ман аслан аз шиками модар муътод ва нашъаманд ба дунё омадаам. Аз ӯ пурсиданд, ки чӣ тавр ин хел шуданаш мумкин аст? Гуфт: падару модари ман ҳарду нашъаманд будаанд ва ҳангоме ки дар раҳми модарам будам, модарам ба ҳоли ман раҳм накарда, боз ҳам аз маводди мухаддир парҳез накардааст. Билохира ин кирдори бади онҳо ва таъсири маводди мухаддир бар ман дар раҳми модар таъсир кардааст. Вақте ба дунё омада, бузург шудам, медидам, ки падару модарам маводди мухаддир истифода мебаранд. Фикр мекардам, ки ин чизи хубест, ки онҳо истифода мебаранд. Аз ин рӯ,  кам-кам муҳаббати сигору мухаддарот дар дили ман зиёдтар мешуд.  Вақте бузург шудам, падарам ба ман пул медод, ки рафта барояш сигору нашъа бихарам ва ман тамоми ҷойҳои нашъа фурӯшонро медонистам. Баъди чанд муддате хостам, ки барои имтиҳон якбор аз он истифода барам, аммо бо мурури замон нашъаманд шудам. Ман сабабгор ва гунаҳгор  падару модарамро медонам.

Бале, хонандаи гиромӣ ҳамин хел ҳам ҳаст, ки вақте фарзанд дар раҳми модар аст, ҳар эҳсос ва нияте, ки модар дошта бошад бар фарзанд таъсир мекунад. Пас модарон бояд кӯшиш кунанд, ки дар вақти ҳомиладорӣ ниятҳои хуб дошта бошанд ва аз хашмгинӣ парҳез кунанд. Аз падарон низ тарбият вобастагии хеле муҳим дорад. Мутаассифона, дар ҳамин кишвари худамон низ ман як кореро мушоҳида кардам, ки падарони мӯҳтарам бар ин корашон он қадар аҳамият намедиҳанд ва он сабаб мешавад, ки фарзанди худро ба дасти худ ба тарафи нашъамандӣ ва истифодаи сигору маводҳои зараровар тела диҳанд: Масалан, падаронеро дидаам, ки ба писарашон пул медиҳанд, ки писарҷон ин 5-сомонро гиру рафта барои падарҷонат як сигор харида биёр ва ё  писарҷон барои ман рафта  нос биёр ё аз он хона рафта сигори маро бо гӯгирд биёр, то ман сигор бикашам. Ин падарони мӯҳтарам фикр намекунанд, ки ин кори онҳо барои фарзанд нуқсону зиён аст. Вақте фарзанд мебинад, ки падар бо ин бузургӣ ва бо ин ҳама ақлу хирад боз ҳам аз ин маводҳо истифода мекунад, фикр мекунад, ки ин маводҳо шояд чизи фоидаоваре дар таркиб доранд. Писар мехоҳад, ки аз ин маводҳо истифода бубарад. Бо мурури замон шояд боз рафиқони бад ҳам барояш кӯмак кунанд, ки ба маводҳои сахттаъсиртар даст занад. Пас бубинед, ки ошноӣ бо маводҳои зараровар аз куҷо шурӯъ шуд ва ин писар аввалин бор дар даст аз куҷо ин маводро гирифта буд. Падарони мӯҳтарам, вақте худ ба ин одати бад мубтало шудаед, пас фарзандони худро дар ин беморӣ бо худ шарик накунед. Шумо хонандаи гиромӣ, дар ин ҷо  киро муқассир ва гунаҳкор медонед, худ қазоват кунед.                                                   

 

 Фирдавси РАҶАБАЛӣ

 

Чи зебоянд қиссаҳое, ки инсонро ба сӯйи Худо боз мегардонанд

Чи зебоянд қиссаҳое, ки инсонро ба сӯйи Худо боз мегардонанд

Рӯзе, ки аъмоли инсон ба ӯ нишон дода, аз ӯ суол карда шавад, гиря ва пушаймонӣ фоидае надорад.

Рӯзе, ки инсон мегӯяд: «эй кош барои зиндагии абадиям тӯшае мефиристодам»… ...

Муаллими муваффақ кист?

Муаллими муваффақ кист?

Яке аз ҳадафҳои таълиму тарбият ин ба вуҷуд овардани шахсияти ояндадор ва намуна мебошад. Ин шахсият бояд бо Парвардигори худ дар иртибот бошад ва барномаи зиндагияшро аз...

Оё медонед, ки...

... Самарқанду Бухороро сарлашкари бузург  қутайба ибни Муслим фатҳ кардааст.

Тарроҳи сомона

Омор

Ҳоло 12 меҳмон дар онлайн
mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз39
mod_vvisit_counterДирӯз196
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4969

Назарҳои охирин

  • Бо ҳуш бош хоҳарам
    bale
    Назар аз: tohir
  • Ростгӯй
    POKIZSASHAVU ROST BIZI ILM OMUZ
    Назар аз: aSMO HON
  • Бо ҳуш бош хоҳарам
    MOshoalloh !!!!!!!!!!Agar hamai zanon hamin tavr boshan ...
    Назар аз: Asmo
  • Ба фарзандон дуои бад макунед!
    Фарзанд меваи умри инсон аст. Падару модарро бо фарзандашон мешиносанд. Имрузхо зиёд мешунавем,ки па...
    Назар аз: Самариддин Мирзоев З
  • Шуайб(а)
    Чиба сомонаи Ховар чо дода шудааст? О ин сомона барои тахкир ба бадбинии пешвохо ва мусалмонони Точи...
    Назар аз: Бандаи Худо
  • Дарди дили як ошиқ
    Салом ба шумо бандагони Хак(ч).умед дорем ин марди наку бо амри Аллох ба нияти кардааш мерасад ба ди...
    Назар аз: Нориён Спитамен
  • Наҷоти ҷасади Фиръавн
    МошоАллох
    Назар аз: Зухро

Пайвандҳои муфид

Harunyahya.ru
Бахши русии ташкилоти байналмилалии Ҳорун Яҳё
Quran.com
Сомонаи Қуръони карим
Quranflash.com
Қуръони карим дар шакли flash
Wasatiyat
Сомонаи "Васатият"
khovar.tj
НИАТ "Ховар"