Дар бештари кишварҳои дунё фасли тобистон фасли истироҳат ва таътилот маҳсуб мешавад, аз ҷумла дар кишвари мо низ. Мактабҳо ва донишгоҳҳо ҳама таътил мешаванду талабаҳо ва донишҷӯён ба таътилоти тобистона мераванд.
Гап дар сари он аст, ки барои мардуми мо ин таътилот ба чӣ маъно аст?
Мардуми мо таътилоти тобистонаашонро чӣ гуна мегузаронанд?
Оё касе ба моҳияти ин таътилот фикр мекунад?
Барои баррасии ҳамин масоил мо мехоҳем вазъияти иҷтимоӣ ва равонии ин қишри ҷомеаро зери заррабин бурда ба он аз зовияҳои мухталиф нигоҳ кунем.
Дар дигар кишварҳо мардум, махсусан, мардуми фарҳангӣ ва онҳое, ки корҳои илмӣ мекунанд, тобистонро фасли истироҳат ва мусофират кардан медонанд. Бо оғози тобистон онҳо барномаҳои истироҳатӣ ва мусофиратии худро барномарезӣ мекунанд. Онҳое, ки тавоноии молиашон хуб аст, ҳатман ба ягон кишвари дигар барои истироҳат ва саёҳат мераванд, аммо онҳое, ки тавони молиашон пасттар бошад, ҳатман ба сафарҳои дохилӣ мераванд. Хулоса, онҳо ҳадди ақал як моҳи тобистон ба истироҳат ва тарбияти зеҳну рӯҳи худ мепардозанд.
Аммо мардуми мо дар тобистон чӣ кор мекунанд? Бештари донишҷӯёни мо баъд аз хатми имтиҳоноти солона ба ҷойи истироҳат ба гандумдаравӣ ва ё ба кори сохтмон машғул мешаванд. Талабаҳо бошанд дар тамоми фасли тобистон коҳу алафу ҳезум ҷамъ мекунанд. Сахттарин корҳо дар ҷомеаи мо имрӯз шояд бар ӯҳдаи донишҷӯён ва талабаҳо бошад. Дар ин миён чанд дарсад шаҳрнишинон шояд истисно бошанд, вале онҳо низ вақти худро бо корҳои дигаре, чун тиҷорат ва даллолӣ мегузаронанд.
Аммо мардуми мо чаро кам ба истироҳат мепардозанд ва ба зеҳну рӯҳи худ истироҳат намедиҳанд?
Чаро ба зеҳну рӯҳашон аз ҳад зиёд фишор меоваранд?
Агар яке аз далелҳои аслии ин амр шароити иқтисодӣ бошад далели дигар ва фикр мекунам асосӣ ин набудани фарҳанги истироҳат ва тафреҳ дар миёни хонаводаҳои мардуми мо аст. Имрӯзҳо мардуми мо хеле кам ба истироҳатгоҳҳо мераванд ва ба фикри саломатии равонӣ ва рӯҳии худ ҳастанд. Хеле аз мардуми кишвари мо ҳамроҳи хонаводаашон ба истироҳат рафтанро ор медонанд, ки ин худ як навъи бемории равонӣ маҳсуб мешавад.
Сабаби дигар барномарезии дуруст надоштани инсонҳо аст. Барои мисол метавон бо барномарезии дуруст ҳам истироҳат намуд ва ҳам ба корҳои зарурии худ расид. Донишҷӯ ва ё талабае, ки тамоми сол машғули таҳсил будааст, бояд замоне машғули истироҳат бошад, то қувваҳои зеҳнии масрафкардаашро бозёбад ва барои соли баъд омода шавад. Гуфтаҳои мо ба маънои мухолифат бо кор кардани донишҷӯ ё талаба нест, балки ба маънои муназзам кардани кор ва истироҳати онҳост. Зеро тобистон барои донишҷӯён фурсатест, ки фанҳои мавриди алоқаашонро бештар биомӯзанд ва дониши худро тақвият кунанд. Танҳо барномарезии дуруст ва санҷида метавонад донишҷӯро дар ин кор муваффақ созад.
Агар дар мактабу донишгоҳҳо ба донишомӯзон роҳҳои дуруст баён карда шавад ва онҳоро барои барномарезии дуруст роҳнамоӣ кунанд пешрафти кори онҳо ба гунаи дигаре хоҳад буд.
Дар замони шуравӣ истироҳатгоҳҳое фаъолият мекарданд, ки мутаассифона имрӯз аз онҳо асаре боқӣ намондааст.
Барои ин кор агар Вазорати маориф як истироҳатгоҳ ташкил намояд ва аз мактабҳои тамоми ноҳияҳо беҳтаринҳоро ба онҷо даъват кунад як заминаи хуб барои ин кор аст. Агар барои донишҷӯён низ як чунин истироҳатгоҳеро дар назар бигиранд ва бо барномаҳои тафреҳӣ ва фарҳангии ҷолиб талаботро ба он зиёд кунанд, дар оянда метавонад як манбаи даромад низ бошад.
Имрӯз ҳама мехоҳанд донишҷӯён ва талабаҳо хуб дарс хонанд, вале мутаассифона ба ниёзҳои зеҳнӣ ва рӯҳии онҳо чандон аҳамият намедиҳанд.
Ногуфта намонад, ки фишорҳои зиёд ва беаҳамиятӣ ба чунин амрҳо яке аз сабабҳои пайдоиш ва зиёд шудани бемориҳои равонӣ аст. Ба ҷойи туҳмат задан ба деву париву ҷину зани ҳамсояву дигарон, пеш аз ҳама бояд вазъияти рӯҳӣ ва равонии хонаводаи худро баррасӣ намуд ва фишорҳои мавҷудро коҳиш дод.
Хулоса, таътилот ва ниёзи инсон ба он бояд барои ҷомеаи мо дуруст баён карда шавад. Бояд коре кард, ки мардум ниёзҳоии рӯҳӣ ва равонии худро беҳтар бишносанд ва онҳоро аз роҳи дуруст посух диҳанд. Ҳаргоҳ ниёзҳои рӯҳӣ ва равонӣ дар инсонҳо ношинохта монад, дар вуҷуди инсон таоруз ба вуҷуд меояд ва таоруз маншаи бемориҳои равонӣ ва амалҳои зидди иҷтимоӣ мебошад.
Пас таътилоти тобистонаатонро ба гунае бигзаронед, ки ҳам ҷисматон ва ҳам зеҳну равонатон истироҳати кофӣ дошта бошад ва аз ҳамин имрӯз ба фикри тартиб додани барномаи тобистонаатон бошед!
(Рисолат)















