Text size
  • Increase font size
  • Default font size
  • Decrease font size

Мақолаҳои динӣ

Сабр беҳтарин бахшиш

Сабр беҳтарин бахшиш

Нотавонӣ  дар ирода ва сабр офатест, ки имрӯз домангири бештари мардум шуда аст ва Худованд онро дӯст намедорад. Масалан, хоҳаре мегӯяд: "ман чанд муддатест, ки бо ҳиҷоб шудаам, вале медонам, ки онро раҳо хоҳам кард, зеро сабри ман заиф аст".

Вале ман шуморо ин гуна намебинам,чун назарам дар бораи шумо хуб аст ва эҳсос мекунам, ки ин гуна нотавониҳо дар шумо ба чашм намехӯрад. Зеро сабру шикебоии шумо қави аст ва иродаи шумо кӯҳҳоро ба ларза меоварад. Ба шумо тавсия мекунам, ки ҳангоме достоне аз достонҳои паёмбаронро дар Қуръони карим мехонед, дар сатри охири қисса тааммул кунед. Зеро дар он чанд сатри охир панду андарзро хоҳед ёфт. Масалан, дар қиссаи Нӯҳ, ки дар сураи Ҳуд омадааст, Худованд дар сатри охири қисса чунин мефармояд: "сабр кун, ба ростӣ, ки оқибат барои парҳезгорон аст" (сураи "Ҳуд", ояти 49).

Субҳоналлоҳ, қиссаи Нӯҳи набӣ дар ояти мазкур  хулоса шудааст. Худованди мутаол ин қиссаро барои Расули акрам (с) нақл мекунад, то ӯ низ сабр ва бурдборӣ намуда, бидонад, ки пирӯзӣ дар дунё ва охират аз они собирон аст.

Оё метавонӣ аз имрӯз  Қуръонро  чунин тиловат кунӣ? Иродаи қавиятро ба ёд дошта бош! Ҳоло биё ва аз ин маънои зебо сероб шав. Худои мутаол ба мо меомӯзад, ки пирӯзии мусулмонон бе сабру шикебоӣ имконпазир нест ва касе, ки барҳақ сабр кунад, пирӯз хоҳад шуд. Худованди мутаол бархӯрд ва рӯбарӯии лашкари Толут ва лашкари Ҷолутро дар сураи "Бақара" тавсиф мекунад ва дар поёни достон чунин мефармояд: "Онон, ки яқин доштанд, ки бо Худои хеш мулоқот хоҳанд кард, гуфтанд:чӣ бисёранд гурӯҳҳои андаке, ки ба фармони Худо бар гурӯҳҳои фаровоне чира шудаанд ва Худованд бо собирон аст. Ҳангоме ки дар баробари Ҷолут ва сипоҳиёни ӯ қарор гирифтанд  гуфтанд: "Парвардигоро, (бар дилҳоямон оби) сабру шикебоӣ бирез ва гомҳоямонро собит ва устувор бидор ва моро ба ҷамъияти кофирон пирӯз бигардон" ва сипас  ононро шикаст доданд".(Ба дурустӣ, ки пирӯзӣ ҳамроҳи сабру истиқомат аст). Оё аз каломи Худованд сероб нашудӣ?! Ба Худо қасам, ки ин Қуръон бар дилҳо таъсири фаровоне дорад …

Акнун биёед, то ба аҳодиси Паёмбар (с), ки аз сабру шикебоӣ сухан мегӯяд зиндагӣ кунем. Расули Худо (с) фармудааст: "Сабр рӯшноист"(Имом Муслим). Чаро Расули Худо (с) дар ин ҳадис вожаи  рӯшноӣро интихоб карда аст? Зеро буҳронҳои дунё зулмату торикианд ва рӯшноӣ дар муқобили он ҳама мебошад. Масалан, аз даст додани модар, падар ва ё узве аз узвҳои бадан аз ҷумлаи зулмату торикианд, ки монеи биноии инсон мешаванд. Гуноҳон низ торикианд ва чӣ чизе торикиро аз байн мебард? Албатта, рӯшноӣ, аммо ин рӯшноӣ чӣ гуна дар миёни торикиҳо меояд?! Расули Худо (с) мефармоянд: "ба ҳеҷ кас ато ва бахшише беҳтару густардатар аз сабр дода нашуда аст"(муттафақун алайҳ).

Оё Расули Худо (с) ро тасдиқ мекунед? Дар ҷавоб мегӯӣ : албатта,ки тасдиқ мекунам, оё ин ҳам пурсидан дорад? Аммо забони ҳолат гӯёи чизи дигарест! Забони ҳолат мегӯяд: беҳтарин чизе, ки дорам мошини мудели охирин аст", "фалон ва фалон амлок аст" ва "ман дар фалон ҷо кор мекунам".

Ба Худо қасам, бузургтарин бахшиш ва беҳтарин дорои ту сабр аст. Сабру бурдборӣ беҳтарин бахшиш аст. Он ҳам чӣ бахшише…!

 

Паёмҳои Қуръон дар зиндагӣ

Паёмҳои Қуръон дар зиндагӣ

Ба дурустӣ, ки  мӯъминон бародари якдигаранд. (сураи "Ҳуҷурот", ояти 10)

Дар корҳои хайр  аз ҳамдигар  сабқат ва пешӣ бигиред. (сураи "Моида", ояти 48)

Бо мардум сухани нак...

Қасами шайтон

Қасами шайтон

Пас аз офариниши  Одам(а) Худованд (ҷ)  ба фариштагон фармуд: "Ҳангоме ки онро низом бахшидем ва аз рӯҳи худ  дар он дамидем, барои ӯ ба саҷда афтед" (сураи "Ҳиҷр", ояти ...

Нишонаҳои қабули тоат

Нишонаҳои қабули тоат

Баъд аз анҷоми  ҳар тоату ибодате чӣ рӯзаву намоз, ҳаҷҷу умра, садақа ё амали солеҳи дигаре  ҳамаи мо сухани Алӣ (р)-ро такрор менамоем, ки фармуд: "эй кош, қабул мегашту...

Маонии сифот ва Асмои ҳуснои Худованд

Маонии сифот ва Асмои ҳуснои Худованд

Диққат: тарҷумаи тоҷикии номҳои Худованди бузург танҳо барои ошноии бештари хонандагон оварда шудааст, вагарна маонии бештари ин номҳо фақат бо забони  арабӣ қобили фаҳми...

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Оё медонед, ки...

… Биҳишт ҳашт дар дорад

Тарроҳи сомона

Омор

Ҳоло 12 меҳмон дар онлайн
mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз39
mod_vvisit_counterДирӯз196
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4969

Назарҳои охирин

  • Бо ҳуш бош хоҳарам
    bale
    Назар аз: tohir
  • Ростгӯй
    POKIZSASHAVU ROST BIZI ILM OMUZ
    Назар аз: aSMO HON
  • Бо ҳуш бош хоҳарам
    MOshoalloh !!!!!!!!!!Agar hamai zanon hamin tavr boshan ...
    Назар аз: Asmo
  • Ба фарзандон дуои бад макунед!
    Фарзанд меваи умри инсон аст. Падару модарро бо фарзандашон мешиносанд. Имрузхо зиёд мешунавем,ки па...
    Назар аз: Самариддин Мирзоев З
  • Шуайб(а)
    Чиба сомонаи Ховар чо дода шудааст? О ин сомона барои тахкир ба бадбинии пешвохо ва мусалмонони Точи...
    Назар аз: Бандаи Худо
  • Дарди дили як ошиқ
    Салом ба шумо бандагони Хак(ч).умед дорем ин марди наку бо амри Аллох ба нияти кардааш мерасад ба ди...
    Назар аз: Нориён Спитамен
  • Наҷоти ҷасади Фиръавн
    МошоАллох
    Назар аз: Зухро

Пайвандҳои муфид

Harunyahya.ru
Бахши русии ташкилоти байналмилалии Ҳорун Яҳё
Quran.com
Сомонаи Қуръони карим
Quranflash.com
Қуръони карим дар шакли flash
Wasatiyat
Сомонаи "Васатият"
khovar.tj
НИАТ "Ховар"