Text size
  • Increase font size
  • Default font size
  • Decrease font size

Ахлоқ

Ҳангоми вохури чи бояд кард

Ҳангоми вохури чи бояд кард

Албатта, ҳар кору муомила одобу рафтори муайяни худро дорад ва имрӯзҳо аксарият кӯшиш мекунанд, ки «этика ва истетика»-и баланд дошта бошанд ва барои ба ин мақсад расиданашон аз маданияти дигарон истифода мебаранд, ҳол он ки дини мубини мо соҳиби маданияти баланду боест, ки тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро бо тарзи дурусту комил ба танзим даровардааст, лекин сад афсӯс, ки мо аз он ба таври комил истифода намебарем… Аз ҷумла пеш аз ҳар муомила ё ҳангоми вохӯрӣ одамон ба якдигар салом дода, аз аҳволи якдигар бохабар мешаванд ва ин ҷо як чанд одоб аст, ки дар ин ҳангом бояд риоя шаванд:

 

Пойбанди салому

дуруди динӣ будан:

Салом таҳият ва дуруди мусулмонон аст ва шоиста нест, ки ба ҷойи он аз алфози дигаре истифода намоем, монанди: (субҳ ба хайр) ё (рӯзи хуш). Марде назди Паёмбар (с) омаду гуфт: «Ассалому алайкум». Паёмбар (с) ҷавоби саломи ӯро дод ва ҳангоме  ки он мард нишаст, Паёмбар (с) фармуд: «даҳ (некӣ)». Сипас дигаре ворид шуду гуфт: «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ», посухи инро низ дод ва баъд аз оне, ки он мард нишаст, фармуд: «бист(некӣ)». Баъдан шахси дигаре ворид шуду гуфт: «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу». Ҷавоби саломи ӯро низ дод ва вақте  ки мард нишаст, Паёмбар (с) гуфт: «сӣ (некӣ)». (Имом Абӯдовуд ва Имом Тирмизӣ).

 

Ошкоро ва бо садои шунаво салом додан:

Худованди бузург фармудааст, то ошкоро ва бо садои шунаво салом намоем. Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳое, ки хонаҳои шумо нест, дохил машавед, то иҷозат бигиред ва бар аҳли он салом гӯед» (сураи «Нур», ояти -27). Ҳамчунин мефармояд: «Пас чун ба хонаҳое (ки гуфта шуд) даромадед, ба якдигар салом кунед, дуруде, ки назди Худованд муборак ва хуш аст» (сураи «Нур», ояти-61). Боз: «Ва чун ба шумо дуруд гуфта шуд, шумо ба (сурати) беҳтар аз он дуруд гӯед ё ҳамонро (дар посух) баргардонед» (сураи «Нисо», ояти- 86) .

Паёмбар (с)  ба салом кардан таъкид карда, мегӯяд: «Эй мардум, саломро ошкор кунед ва таом диҳед ва равобити хешовандиро барқарор доред ва намоз бихонед, дар ҳоле  ки мардум хоб ҳастанд,  то ба саломатӣ ба биҳишт дохил шавед». Ҳамчунин мефамояд: «Ба биҳишт ворид намешавед, то мӯъмин нашавед ва мӯъмин шуморида намешавед, то бо ҳамдигар дӯстӣ накунед. Оё роҳнамоӣ кунам, шуморо ба он чӣ, ки ҳаргоҳ онро ба ҷой оваред бо ҳам дӯстӣ мекунед? Саломро дар байни худ ошкор кунед, дӯст мешавед».

 

Салом

ҳаққи бародарист:

Салом ҳаққи ҳар мусулмоне бар дигаре ҳаст. Салом кардан суннат ва ҷавоб додан ба он воҷиб мебошад. Паёмбар (с) фармуда аст: «Ҳаққи мусулмон бар мусулмон панҷ чиз аст: ҷавоби салом, иёдати бемор, рафтан ба дунболи ҷаноза, қабул кардани даъват, дуо барои атсазананда».

 

ДАР САЛОМ ДОДАН

ПЕШДАСТӣ НАМУДАН:

Фарди мусулмон қабл аз сухан гуфтан бо дӯстонаш нахуст салом мекунад. Касе, ки нахуст салом мекунад, назди Худованд беҳтар аст. Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Ва беҳтарашон касест, ки ба салом оғоз мекунад» (Имом Муслим). Паёмбар (с) дар тартиби салом додан фармудааст: «Кӯчактар бар бузургтар, раҳгузар бар нишаста ва теъдоди камтар бар иддаи бештар салом намоянд».

 

Ҷавоби салом:

Чӣ тавре қайд кардем, салом кардан суннати муаккада, вале ҷавоби он воҷиб аст. Инсон бояд ҷавоби саломро бидиҳад: чӣ ба сурати навишта  бошад ё чӣ ба сурати шифоҳӣ. Вақте саломро ба ӯ мерасонанд бар ӯ воҷиб мешавад, ки ҷавоби саломро баргардонад: хоҳ он шахсро бинад ё на. Аз Оиша(р) нақл аст, ки фармуд: «рӯзе Расули Худо (с) фармуд: Эй Оиша, Ҷабраил бар ту салом мегӯяд».  Оиша (р), дар ҳоле ки Ҷабраилро намедид, гуфт: «ва алайҳи-с- салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу» (муттафақун алайҳ).

 

Даст додан дар

ҳангоми салом кардан:

Даст додан саломро комил менамояд. Расули Худо (с) фармуданд: «Ду мусулмоне, ки бо ҳам рӯбарӯ мешаванд ва бо ҳамдигар мусофаҳа (бо даст салом) мекунанд,  қабл аз ин ки ҷудо шаванд, гуноҳҳояшон омурзида мешавад.» (Имом Абӯдовуд)

 

Салом додан

бар кӯдакон:

Шахси синнусолаш калон бояд бар кӯдакон салом диҳад, чунки ин кор боис  мегардад, ки кӯдакон меҳру муҳаббатро эҳсос кунанд. Аз Анас (р) ривоят аст, ки «Ҳамоно Паёмбар (с) вақте бар иддаи кӯдакон мегузашт, ба онон салом медод» (Имом Муслим).

 

Дар баъзе ҷойҳо

набояд салом кард:

Чунончи фарде агар дар дастшӯӣ бошад салом намекунад, ҳамчунин ҳангоми азон ё қомат ё намоз ва дар вақти хутбаи рӯзи ҷумъа ва мавқеи ғарқи дуо ва ниёиш будан ва замони гуфтани лаббайк ва талбия дар ҳаҷ ё умра.

 

Салом кардан дар

хонаи холӣ:

Вақте, ки мусулмон вориди хонаи холӣ мешавад ва касе дар онҷо нест боз ҳам бояд салом карда, гӯяд: «Ассалому алайно ва ало оли ибодиллоҳи-с-солиҳин.»

Салом ҳангоми тарк кардани макон:

Паёмбар (с) мефармояд: «Вақте яке аз шумо ба маҷлисе бирасад, бояд салом кунад ва инчунин ҳаргоҳ қасди рафтан кунад, низ бояд салом диҳад, зеро саломи якум аз дуввум сазовортар нест».

 

Фатҳуддини

АҲЛИДДИН

 

Ростгӯй

Ростгӯй

Ҳикоят мекунанд, ки марде нофармонии Худованди субҳона ва таолоро намуда, айбҳои бисёре дошт. Бо ин ҳол мекӯшид худро ислоҳ кунад, вале наметавонист. Бинобарин пеши як до...

Насиҳат гуш кун, ҷоно…

Насиҳат гуш кун, ҷоно…

Барои осоишта ва ором гузаронидани зиндагӣ чанд насиҳатеро пешкаши хонандагон, ба вижа ҷавонон менамоем, ки ҳар фард метавонад ба он кор намуда, зиндагии хуше дошта бошад...

Меҳмони нахонда

Меҳмони нахонда

Мисли як меҳмони нохонда ворид шуд, аммо вурудаш ногаҳонӣ набуд. Гӯё одат карда буд, ки бидуни дар задан ворид шавад. Худаш буд! Шайтон!

Гуфтам боз ҳам туӣ! Ақалан дар биз...

Одоби меҳмонӣ

Одоби меҳмонӣ

1- Пазируфтани

даъват:

Дар мавриди пазируфтани даъват ҳадисҳои зиёде ривоят шудааст, аз ҷумла Паёмбар (с) мефармояд: "Ҳақки мусулмон бар мусулмон панҷ аст: ҷавоб додани сал...

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Оё медонед, ки...

… Исми «Аллоҳ» дар Қуръон зиёда аз 3150 маротиба зикр шудааст.

Тарроҳи сомона

Омор

Ҳоло 12 меҳмон дар онлайн
mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз39
mod_vvisit_counterДирӯз196
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4969

Назарҳои охирин

  • Бо ҳуш бош хоҳарам
    bale
    Назар аз: tohir
  • Ростгӯй
    POKIZSASHAVU ROST BIZI ILM OMUZ
    Назар аз: aSMO HON
  • Бо ҳуш бош хоҳарам
    MOshoalloh !!!!!!!!!!Agar hamai zanon hamin tavr boshan ...
    Назар аз: Asmo
  • Ба фарзандон дуои бад макунед!
    Фарзанд меваи умри инсон аст. Падару модарро бо фарзандашон мешиносанд. Имрузхо зиёд мешунавем,ки па...
    Назар аз: Самариддин Мирзоев З
  • Шуайб(а)
    Чиба сомонаи Ховар чо дода шудааст? О ин сомона барои тахкир ба бадбинии пешвохо ва мусалмонони Точи...
    Назар аз: Бандаи Худо
  • Дарди дили як ошиқ
    Салом ба шумо бандагони Хак(ч).умед дорем ин марди наку бо амри Аллох ба нияти кардааш мерасад ба ди...
    Назар аз: Нориён Спитамен
  • Наҷоти ҷасади Фиръавн
    МошоАллох
    Назар аз: Зухро

Пайвандҳои муфид

Harunyahya.ru
Бахши русии ташкилоти байналмилалии Ҳорун Яҳё
Quran.com
Сомонаи Қуръони карим
Quranflash.com
Қуръони карим дар шакли flash
Wasatiyat
Сомонаи "Васатият"
khovar.tj
НИАТ "Ховар"