Text size
  • Increase font size
  • Default font size
  • Decrease font size

Тоза мусалмонон

Тавба дар дискотека

Тавба дар дискотека

Шайх Алии Тантовӣ дар яке аз китобҳои худ чунин ҳикояти аҷиб менамояд: Вақте вориди яке аз масоҷиди шаҳри Ҳалаб шудам, ҷавонеро дидам, ки бо хушӯъ ва хузӯи тамом  намоз мехонад. Қаблан ӯро  мешинохтам. Бо худ гуфтам: Субҳоналлоҳ, чӣ шуда, ки фосидтарини  ҷавонон, касе,  ки бадмастӣ мекарду машғули фаҳшо  ва анвои  фасод буд ва аз сабаби  падару модарашро  азият додан, ӯро аз хона берун  ронда  буданд, акнун  ба масҷид омада,  бо шикастагии тамом  намоз мехонад?! Ба ӯ наздик шуда, гуфтам: "шумо фалонӣ ҳастед"? Гуфт: "бале". Гуфтам: "Худоро шукргузорам, ки  ба роҳи рост раҳнамун шудаӣ, бигӯ бубинам Худованд  чигуна туро  ҳидоят фармуд"?

Гуфт: "Худованд моро ба василаи як донишманди динӣ, ки дар «дискотека»  барои мо мавъиза  ва суханронӣ кард, ҳидоят намуд". Бо ҳайронӣ  гуфтам: "ваъзу суханронӣ  ва ҳидоят дар «дискотека»"? Гуфт: "бале, дар «дискотека»"! Сипас  суханашро идома дод: "дар маҳалли мо  масҷиди хурде буд, ки як пирамард дар он  имомӣ мекард. Рӯзе ин пирамард  рӯ ба намозгузорон мекунаду мепурсад: "мардум дар куҷоянд? Чаро ҷавонон ба  масҷид  намеоянд ва аслан роҳи онро намешиносанд"?! Намозгузорон дар ҷавоб мегӯянд, ки онҳо  ба ҷойҳои  саргармию раққосӣ ва «дискотека»-ҳо мераванд. Пирамард мегӯяд: "ҷойҳои саргармӣ ва раққосӣ, яъне чӣ"? Яке аз намозгузорон  тавзеҳ медиҳад: "ҷойи раққосӣ ва «дискотека» толори бузургест, ки саҳни бузурге аз чӯб дорад ва духтарҳои ҷавони  нимурён ва ё комилан  луч дар онҷо  мерақсанд ва мардум рӯбарӯйи саҳн менишинанд ва он раққосаҳоро  тамошо мекунанд". Пирамард мепурсад: "оё касоне, ки  ба тамошо менишинанд, мусулмонанд"? Мегӯянд: "бале…".

Пирамард "ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ" -гӯён, мардумро  ташвиқ мекунад, ки  бо ӯ  ба толори рақс («дискотека») бираванд ва онҳоеро, ки  онҷо ҳастанд,  ба роҳи рост даъват намоянд. Мардум эътироз карда,  мегӯянд: "эй пирамард, мехоҳӣ дар «дискотека»  онҳоро  панду андарз диҳӣ"? Мегӯяд:"бале…". Ҳар қадар саъй мекунанд, то ӯро аз  тасмимаш  баргардонанд, ҳатто ёдовар мешаванд, ки  мумкин аст бо таҳқиру истеҳзо ва озор рӯбарӯ шавад, аммо пирамард қабул намекунад ва мегӯяд: "магар мо  аз Муҳаммади Мустафо (с) беҳтару мӯҳтарамтар ҳастем, ки барои  дин бо он ҳама таҳқиру истеҳзо ва озор рӯбарӯ шуд"?  Саранҷом пирамард аз яке аз намозгузорон хоҳиш мекунад, ки ҷойии  рақсро  ба ӯ нишон  бидиҳад. Вақте ба «дискотека» мерасад, соҳиби толор аз ӯ мепурсад, ки чӣ мехоҳад!  Пирамард  мегӯяд: мехоҳам касонеро, ки  дар «дискотека» ҳастанд, насиҳат кунам. Соҳиби толор  тааҷҷуб  мекунад ва ба  ӯ тамасхур карда, иҷозат намедиҳад, ки  вориди  толор  шаванд. Вале ин марди Худо ором намешавад ва бо хоҳишу  таманно баробари даромади як рӯза  толорро ба соҳиби  он медиҳад ва ӯро розӣ мекунад. Соҳиби толор иҷозат медиҳад, ки фардои он рӯз, баъд аз тамом шудани  рақсу  намоиш  биёяд ва  мавъиза кунад". Ҷавон сухани худро идома дода, гуфт: -"ман он рӯз ба толори рақс  рафта будам. Духтаре ба рӯйи саҳна баромада, ба рақсидан шурӯъ кард. Вақте рақсаш  тамом шуд, пардаро кашиданд. Пас аз чанд лаҳза, дубора  пардаҳо аз рӯйи саҳна канор кашида шуданд. Ногоҳ  дидем, ки пирамарде бар курсие  нишаста  зоҳир гардид. Аввал  "Бисмиллоҳ" ва "алҳамду лиллоҳ, ва-с-салоту ва-с-салом ъало Расулиллоҳ(с)" гуфта, сипас шурӯъ  ба ваъзу насиҳати  мардум кард. Мардум ҳайратзада ва дар таҷҷуб буданд. Дар ибтидо хаёл карданд, ки он ҳам як намоиши ҳаҷвӣ мебошад, аммо вақте фаҳмиданд, ки  ҳақиқатан бо як донишманди динӣ, ки онҳоро  насиҳат карда, аз корҳои нописанд  барҳазарашон медорад, рӯбарӯ ҳастанд, ба таҳиру ва истеҳзои ӯ шурӯъ карданд. Бо садои баланд механдиданд, вале ӯ аслан таваҷҷӯҳ намекард ва ба насиҳату мавъизаи худ  идома медод, то  ин ки  яке аз ҳозирон   ба толор баромада, мардумро ба оромию хомушӣ  даъват кард ва гуфт: "чанд лаҳза хомӯш бошед, то бубинем, ки ӯ чӣ мегӯяд". Мардум ором гирифтанд ва сукут бар толор ҳукмфармо шуд, то ҷойе ки ғайр аз садои  пирамард ба гӯш садои дигаре намерасид. Пирамард суханҳое гуфт, ки мо  қаблан онҳоро  нашунида будем. Чанд оят аз Қуръон  ва чанд ҳадиси Пайғамбарро (с)  баён намуд ва тавбаи чанд нафарро, ки  қаблан дар хато буда, баъд аз тавба ба дараҷаҳои баланди тақво расида буданд, нақл  карда, гуфт: "эй мардум, , оё медонед, ки рӯзҳои зиёдеро пушти сар гузоштаед, дар ҳоле ки домани худро  ба фасоду гуноҳ олуда кардаед? Оё медонед, ки лаззати гуноҳони шумо  боқӣ намондааст, вале якояки онҳо  чун холи сиёҳ  ва нуқтаи нангу  бадбахтӣ  дар номаи аъмолу  пешонии шумо  мондагор аст?! Оё медонед, ки дар рӯзи қиёмат  дар пешгоҳи адолати илоҳӣ муҳокима мешавед?! Бидонед он рӯз  фаро мерасад, ки ба ҷуз Худо ҳама чиз  аз байн меравад! Эй мардум, оё медонед, ки ин аъмолу  рафтор шуморо  ба бадбахтӣ мекашонад?! Хуб  медонед, ки дар баробари оташи дунё  қудрат ва тоби муқовимат надоред, дар ҳоле ки оташи дунё  аз оташи дузах дида ҳафтод баробар ҳарораташ пасттар аст. Пас чӣ гуна  метавонед дар оташи дузах  бимонед ва онро таҳаммул кунед?! Дари раҳмати Худованд ба рӯйи  тавбакунандагон  боз аст. Ҳарчи зудтар  тавба кунед ва ба сӯйи Худо бозгардед, то фурсате боқист худро аз  азоби ҷаҳаннам наҷот диҳед". Мардум ба гиря  афтоданд. Пирамард аз толор берун рафт ва тамоми ҳузурдоштагон низ  бо ӯ берун рафтанд ва ҳамагӣ дар ҳузури он пирамард  тавба карда, ба сӯйи Худо  бозгаштанд. Ҳатто  соҳиби толор  низ  тавба карда, аз гузаштаи худ пушаймон гардид".

Таҳияи Мунира ҲАБИБОВА

 

Дар ҷустуҷуйи ҳақиқат

Дар ҷустуҷуйи ҳақиқат

Марди оқилу хирадманде аз мардуми Исфаҳон, ки аз дини қавмаш маҷӯсият пайравӣ мекард, рӯзе барои коре рафта, дар роҳ гурӯҳе аз масеҳиёнро дар калисое дид, ки Худоро парас...

Ба сӯйи ҳақиқат

Ба сӯйи ҳақиқат

Ман монанди  ҳар фарди масеҳии дигар  аз кӯдакӣ  бар дини масеҳият ба воя расидам. Падарам кӯшиш мекард, то маро тарбияти хуб кунад. ӯ  рӯзҳои якшанбе  маро бо худ  ба ка...

Вулф Карсони 25-сола мусулмон шуд

Вулф Карсони 25-сола мусулмон шуд

- Чӣ омиле боис гашт, ки шумо ба дини Ислом рӯй овардед?

Суоли сахтест, ки фақат метавонам мантиқи инро ба шумо бигӯям. Ҳеҷ эътиқод ва боварӣ ба Худо (ҷ) надоштам, ҳамаи к...

Даъват ба сӯи Худо

Даъват ба сӯи Худо

Тақрибан панҷоҳ сол пеш, дар гӯшае аз Фаронса пирамарди панҷоҳсолаи туркнажоде  зиндагӣ мекард, ки Иброҳим ном дошт. ӯ  як мағозаи хӯроквориро идора мекард.   Ин мағозаи ...

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL

Оё медонед, ки...

… Қуръон 6220 оят дорад.

Тарроҳи сомона

Омор

Ҳоло 12 меҳмон дар онлайн
mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз39
mod_vvisit_counterДирӯз196
mod_vvisit_counterДар ин моҳ4969

Назарҳои охирин

  • Бо ҳуш бош хоҳарам
    bale
    Назар аз: tohir
  • Ростгӯй
    POKIZSASHAVU ROST BIZI ILM OMUZ
    Назар аз: aSMO HON
  • Бо ҳуш бош хоҳарам
    MOshoalloh !!!!!!!!!!Agar hamai zanon hamin tavr boshan ...
    Назар аз: Asmo
  • Ба фарзандон дуои бад макунед!
    Фарзанд меваи умри инсон аст. Падару модарро бо фарзандашон мешиносанд. Имрузхо зиёд мешунавем,ки па...
    Назар аз: Самариддин Мирзоев З
  • Шуайб(а)
    Чиба сомонаи Ховар чо дода шудааст? О ин сомона барои тахкир ба бадбинии пешвохо ва мусалмонони Точи...
    Назар аз: Бандаи Худо
  • Дарди дили як ошиқ
    Салом ба шумо бандагони Хак(ч).умед дорем ин марди наку бо амри Аллох ба нияти кардааш мерасад ба ди...
    Назар аз: Нориён Спитамен
  • Наҷоти ҷасади Фиръавн
    МошоАллох
    Назар аз: Зухро

Пайвандҳои муфид

Harunyahya.ru
Бахши русии ташкилоти байналмилалии Ҳорун Яҳё
Quran.com
Сомонаи Қуръони карим
Quranflash.com
Қуръони карим дар шакли flash
Wasatiyat
Сомонаи "Васатият"
khovar.tj
НИАТ "Ховар"