Text size
  • Increase font size
  • Default font size
  • Decrease font size

Дар гирди олам

Малайзия

Малайзия

Номи расмии кишвар: Давлати Малайзия. Дар ҷанубу шарқии Осиё ҷойгир аст.Масоҳаташ 329759км-и мураббаъ.

Аҳолӣ 22700000: Малайзиҳо-50%,хитоиҳо-30%,ҳиндуҳо15%, индонезиҳо,тайсҳо,австралиягиҳо ва аврупоиҳо боқимондаи аҳолиро ташкил медиҳанд. Забони давлатӣ: малайзӣ.

Дин:мусулмонон 55%, буддоиҳо 30%.

Сохти давлатдорӣ манархияи конститутсионӣ буда, ба 13 вилоят тақсим шудааст. Сардори давлат роҳбари олии шӯрои ҳокимон ва сардори хукумат нахуствазир мебошад. Парлумони Малайзия аз ду палата иборат аст. Пойтахт: Куала-Лумпур. Шаҳрҳои бузург: Ипох, Ҷоҷор-бару, Ҷорҷтаун.

Аҳзоби сиёсӣ: Созмони муттаҳидаи Малайзия, Иттиҳоди чиноии Малайзия, Кунгураи ҳиндии Малайзия, Ҳизби ҳаракати демократӣ ва Ҳизби исломии умумии Малайзия.

Малайзия кишвари зудтараққиёбандаи саноатию кишоварзӣ буда, воҳиди пулии он доллари Малайзия мебошад.

Ҷашни миллӣ: – 31-уми август- рӯзи миллӣ (1957).

Содирот:Қалъагӣ, маҳсулоти саноати элэктротехникӣ, матоъ, равғани нахл.

Воридот: Маҳсулоти мошинсозии вазнин ва саноати кимиё, нафт, таҷҳизоти нақлия, хӯрокворӣ.

Узви СММ, СБП.

Ислом дар Малайзия аз роҳи тиҷорат паҳн гаштааст. Ҳангоме ки аз мамолики исломӣ барои тиҷорат ба Малайзия меомаданд, дар рафти хариду фурӯш, вакте яке чизе мефурӯхт ҳангоми омадани харидори нав ба ӯ мегуфт, ки ман аллакай савдо кардаам, лекин ин бародар то ҳол чизе савдо накардааст, бинобар ин аз ӯ бихаред. Вақте малайзиҳо чунин муомиларо аз мусулмонон диданд, дар ҳайрат омада худ ба худ мегуфтанд, ки ин чӣ динест, ки пайравонаш чунин маданияти баланд ва рафтори хуб доранд. Вақте ба онҳо маълум  гашт,ки ин дин Ислом аст,  бе ягон дудилагӣ ба  ин дин гаравиданд ва мусулмон шуданд

 

Тоҷикистон

Тоҷикистон

Тоҷикистон дар гӯшаи ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ воқеъ гардидааст. Қаламрави онро дар шимол ва дар ҷануб роҳи оҳан бо шабакаи роҳи оҳани Осиёи марказӣ пайваст намуда , бо роҳи оҳани собиқ ҷумҳуриҳои Иттиффоқи Шӯравӣ баромад дорад. Тоҷикистон метавонад тавассути он бо мамлакатҳои дурдасти Аврупо ва Осиё доду гирифти иқтисодӣ намояд . Дар ҷануб бо воситаи роҳи обии дарёи Панҷ ва Омӯ ба Афғонистон ва ӯзбекистон баромад дорад . Шоҳроҳи автомобилгарди  Хоруғ-Ош  имконият медиҳад, ки бо Қирғизистон ва як қисми шаҳрҳои ӯзбекистон ( водии Фарғона) алоқаи зичи иктисодӣ дошта бошад.

Масоҳат                         - 143,1 хазор км

Аҳолӣ                            -  7 млн нафар

Пойтахт                         -  Душанбе

Забони давлатӣ           -  Тоҷикӣ

Воҳиди пул                   -  Сомонӣ  (иборат аз 100 дирам)

 

Тоҷикистон мамалакати  кӯҳсор мебошад, ки -93%-и онро қаторкӯҳҳои баланд иҳота кардааст. Аз 10/9 масоҳати кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳад. 97%-и аҳолии Тоҷикистон мусулмон аст. Шароити кӯҳсори кишвар барои зироаткорӣ номусоид аст. Дар тамоми  ноҳияҳо ба ғайр аз кӯҳистон пахта парвариш мекунанд. Тоҷикистон аз 3-вилоят, 12- ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва 2-шаҳраки тобеи ҷумҳурӣ  иборат аст.

 

Вилоятҳо: Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: Ҷиргатол,Тоҷикобод, Тавилдара, Рашт, Нуробод, Файзобод, Ваҳдат, Варзоб, Рудакӣ,Турсунзода Ҳисор, Шаҳринав.

Шаҳракҳо: Роғун, Норак

Шаҳри Душанбе аз чор ноҳия иборат аст: Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино.

 

Дар Тоҷикистон дарёҳои зиёд  вуҷуд дорад.Тӯли  онҳо ба 30-ҳазор километр баробар аст. Ҳисоби миёнаи оби ҷоришавандаи дарёҳои мазкур 80-миллиард метрии мукаабро ташкил менамояд. Ҷумхурии Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ хело бой аст.Дар қаламрави он 350 кони сарватҳои зеризаминӣ тадқиқ карда шудааст. Аз сарватҳои маъданӣ сурб, рух, мис, сурма, симоб, нуқра, тилло, волфрам, молибден, висмут, қалъагӣ, селастин, ва маъдани оҳан аҳамияти калони саноатӣ доранд. Заминҳои кишоварзӣ ҳамагӣ 7%-ро ташкил менамояд. Асоси хоҷагии халқи Тоҷикистонро маҷмӯи кишоварзию саноатӣ ташкил медиҳад. Соҳаҳои асосии заминдориро  пахтакорӣ, боғу токдорӣ,  сабзавоткорӣ ва парвариши растаниҳои субтропикӣ ташкил менамояд. Пахта дар водии Вахш, ғарбии водии Фарғона ва водии Ҳисор кишт карда мешавад. Растаниҳои субтропикӣ асосан дар водии Вахш парвариш карда мешаванд.Парвариши анҷибар дар ноҳияҳои Қумсангир ва Турсунзода ба роҳ монда шудааст. Сабзавотро бештар дар ноҳияҳои атрофи Душанбе ва Хуҷанд парвариш менамоянд. Картошка дар ноҳияҳои кӯҳии Рашт, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Тавилдара, Нуробод, Ванҷ, Мастчоҳи кӯҳӣ ва қисман Панҷакенту  Ғончӣ кишт карда мешавад. Калонтарин корхонаи маҷмӯи металлурги Тоҷикистон заводи алюминии Турсунзода ва тиллои Панҷакент мебошанд. Заводи алюминӣ дар асоси ашёи хоми кашондаи бурунмарзӣ кор мекунад.

Дар қаламрави Тоҷикистон аз давраҳои қадим инҷониб аҳоли маскун шуда буд. Он гоҳе ба дасти як империя ва гоҳе ба дасти дигар мегузашт. Дар асри VI-и то мелод қаламрави онро форсҳо ва дар асри IV-Искандари Макдунӣ ба ҳукми хеш дароварданд. Баъд дар асри III- пеш  аз мелод ба ҳайати шоҳигарии Юнону Бохтар ва Кушониҳо дохил мешуд. Дар асри VIII бошад, онро арабҳо тассарруф карданд. Сипас дар асри IX-X ба ҳайати сулолаи Сомониён-асосгузори давлати тоҷикон дохил шуд, ки дар асри XIII онро муғулхо забт намуданд. Соли 1868-ин қаламравро Россия ғасбкорона ба худ ҳамроҳ намуд. Баъди инқилоби Октябри соли 1924 аввал Ҷумҳурии автономӣ, баъд дар соли 1929-Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон карда шуд. Дар соли 1991 баъди барҳам хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон давлати мустақил гардид.

Муҳаммадсаиди ЮСУФЗО

Тарроҳи сомона