Номи расмии кишвар: Давлати Малайзия. Дар ҷанубу шарқии Осиё ҷойгир аст.Масоҳаташ 329759км-и мураббаъ.
Аҳолӣ 22700000: Малайзиҳо-50%,хитоиҳо-30%,ҳиндуҳо15%, индонезиҳо,тайсҳо,австралиягиҳо ва аврупоиҳо боқимондаи аҳолиро ташкил медиҳанд. Забони давлатӣ: малайзӣ.
Дин:мусулмонон 55%, буддоиҳо 30%.
Сохти давлатдорӣ манархияи конститутсионӣ буда, ба 13 вилоят тақсим шудааст. Сардори давлат роҳбари олии шӯрои ҳокимон ва сардори хукумат нахуствазир мебошад. Парлумони Малайзия аз ду палата иборат аст. Пойтахт: Куала-Лумпур. Шаҳрҳои бузург: Ипох, Ҷоҷор-бару, Ҷорҷтаун.
Аҳзоби сиёсӣ: Созмони муттаҳидаи Малайзия, Иттиҳоди чиноии Малайзия, Кунгураи ҳиндии Малайзия, Ҳизби ҳаракати демократӣ ва Ҳизби исломии умумии Малайзия.
Малайзия кишвари зудтараққиёбандаи саноатию кишоварзӣ буда, воҳиди пулии он доллари Малайзия мебошад.
Ҷашни миллӣ: – 31-уми август- рӯзи миллӣ (1957).
Содирот:Қалъагӣ, маҳсулоти саноати элэктротехникӣ, матоъ, равғани нахл.
Воридот: Маҳсулоти мошинсозии вазнин ва саноати кимиё, нафт, таҷҳизоти нақлия, хӯрокворӣ.
Узви СММ, СБП.
Ислом дар Малайзия аз роҳи тиҷорат паҳн гаштааст. Ҳангоме ки аз мамолики исломӣ барои тиҷорат ба Малайзия меомаданд, дар рафти хариду фурӯш, вакте яке чизе мефурӯхт ҳангоми омадани харидори нав ба ӯ мегуфт, ки ман аллакай савдо кардаам, лекин ин бародар то ҳол чизе савдо накардааст, бинобар ин аз ӯ бихаред. Вақте малайзиҳо чунин муомиларо аз мусулмонон диданд, дар ҳайрат омада худ ба худ мегуфтанд, ки ин чӣ динест, ки пайравонаш чунин маданияти баланд ва рафтори хуб доранд. Вақте ба онҳо маълум гашт,ки ин дин Ислом аст, бе ягон дудилагӣ ба ин дин гаравиданд ва мусулмон шуданд













