Бародари мусулмон! Дар ин мақола ҳашт иқдоми муфиди пас аз рамазониро зикр кардаем, ки шояд бо анҷоми онҳо пас аз Рамазон имони худро истеҳком бахшем.
1) Бозпурсӣ (ё худ муҳосабаи нафс)
Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,
К-имрўз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.
Ҳар мусулмоне, ки аз Худо метарсад, беҳтар аст, аз ин моҳи муборак худро бозпурсӣ кунад, зеро бозпурсӣ ва муҳосибаи нафс беҳтарин васила барои ислоҳи дилҳо ва ташвиқи он барои аъмоли хайр мебошад. Мо рўзҳои пурбаракати Рамазон ва шабҳои мавриди раҳмати онро, ки бо шамими рўҳонӣ атрогин шуда буд, пушти сар гузоштем ва намедонем, ки Рамзони оянда насиби мо мешавад ё аҷал муҳлатамон надода, домангири мо мегардад. Бо Рамазон видоъ кардем ва он моҳи муборак бо корҳои хуб ва баде, ки дар он онҷом додем, сипарӣ шуд. Дар ин маврид бояд шахси мусулмон аз худ пурсише кунад:
Оё нафси худро бар сабру шикебоӣ, ибодат ва тарки гуноҳ ба хотири Парвардигор одат додем ва бар он пирўз шудем? Оё хоҳишҳои нафсро саркўб кардем, то таслими Аллоҳ шавад? Оё пас аз он, ки таъми гўруснагӣ ва ташнагиро чашидем ночоронро мавриди лутф қарор додем ? Оё ғалаба бар одатҳо ва расмҳои нодуруст кардем? Оё талош кардем, ки асбоби раҳмат, мағфират ва дурӣ аз оташи ҷаҳаннамро дар худ фароҳам созем? Оё дилҳоямонро аз хашму кина ва аз ҳасад нисбат ба бародарони мусулмони худ пок кардем? Оё..Оё… суолҳои зиёдест, ки ниёзманди ҷавоби амалӣ аз ҷониби мост.
2) Ибодати парвадигор
то рўзи марг
Банда бояд ҳамеша парвардигорашро итоат кунад ва бар шариаташ собитқадам бошад, набояд дар ҳиллаву найрангҳои Шайтон биафтад, ки Худовандро як моҳ ибодат мекунад ва як моҳ аз Ў саркашӣ мекунад ва бо як гурўҳ ибодат мекунад ва бо гурўҳи дигар аз Ў худдорӣ месозад.
Мусулмон бояд бидонад, ки парвардигори Рамазон парвардигори моҳҳо ва рўзҳои боқимонда, балки парвардигори ҳама замону макон аст. Бар роҳи шариати илоҳӣ собитқадам бимонад, то Парвардигорашро, дар ҳоле ки аз ў розӣ аст, мулоқот кунад.
Агар чӣ дигар наметавонӣ рўзаҳоятро дар Рамазон бигирӣ, аммо рўзаҳои суннат ҳамчун 6-рўзи аввали моҳи шаввол, рўзҳои душанбе ва панҷшанбеи ҳар ҳафта, рўзи ошўро ва рўзҳои дигарро метавони рўза бигирӣ.
Агарчи рўзҳои закоти фитр сипарӣ шудааст, аммо закот бо унвони як фаризаи воҷиб ҳамеша қобили пардохтаст, дарҳои садақа ва кўмаки бенавоён ҳамеша боз аст.
Қироати Қуръон фақат хоси моҳи Рамазон нест!
Бародари мусулмон! Корҳои неки бисёре вуҷуд доранд, ки ҳамеша метавонӣ онҳоро дар ҳар макон ва замон анҷом диҳӣ, пас барои тоат ва ибодати Худоваонд талош кун ва аз танбалӣ бипарҳез.
Талош кун, то дар рафтор, гуфтор ва кирдорат аз корҳои ҳаром дурӣ гузинӣ.
Аз Парвардигор битарс ва бар умури динии худ собитқадам бош, зеро намедонӣ аҷали ту чи вақт фаро мерасад, боҳуш бош, ки дар замони маргат дар ҳоли анҷоми гуноҳ набошӣ.
3) Парҳезкорӣ
Бародарам! Бипарҳез аз он ки тавбаатро бишканӣ ва дар аҳде, ки бо Аллоҳ бастаӣ хилофи ваъда кунӣ ва бинои тақворо, ки дар ин моҳи муборак бо ибодат сохтаӣ, бо гуноҳ ва саркашӣ вайрон созӣ!
Барҳазар бош аз он ки тиловати Қуръон ва гўшдодан ба онро бо шунидани садои шайтон иваз кунӣ!
Бипарҳез аз он ки Парвардигоратро, ки дар ин моҳи муборак дари раҳматашро ба рўйи ту боз кардааст, фаромўш кунӣ!
4) Нишонаи қабули ибодат дар моҳи Рамазон
Бидон, ки аз нишонаҳои қабули ибодати ту аз суйи Худованд он аст, ки чигуна Парвардигоратро дар ин моҳ ибодат кардаӣ ва баъд аз Рамазон дар ибодати Ў устувор бошӣ, инчунин аз гуноҳҳое, ки дар он моҳ аз анҷом доданаш дури ҷустӣ, дар моҳҳои дигар низ ба он руҷуъ нанамоӣ.
Пас аз худ суол кун ва вазъияти худро бисанҷ! Танҳо касоне,ки тавфиқ доранд аз он бархўрдор мешаванд.
5) Ту тавоно ҳастӣ!
Моҳи Рамазон мушаххас кард, ки ту тавони илтизом, истиқомат, тарки мункарот ва барпо доштани ҳама намозҳои бо ҷамоатро дорӣ. Агар аз ҷумлаи сигоркашҳо ҳастӣ, метавонӣ онро тарк намоӣ!
6) Парҳез аз мункарот,
ба вижа дар рўзҳои ид
- Ихтилоти занон бо мардони бегона дар бозорҳо, истироҳатгоҳҳо ва савоҳили дарё.
-Сипарӣ кардани бештари вақт дар корҳои ҳаром ва ғафлаткунанда аз зикри Аллоҳ.
- Ривоҷи анвои исроф ҳамчун исроф дар тўй , хариди либос ва ба ҳадар додани амвол бо хариди васоили оташбозӣ барои кўдакон.
Аз нишонаҳои пазириши амал ин аст, ки аҳволи банда аз пеш дида беҳтар шуда бошад ва дилаш ба ибодат бештар моил гардад.
7) Мусулмонон ва Ид.
Бародари азиз! Ба ёд дошта бош замонеро, ки ту дар байни хонаводаи худ ҳастӣ, фарзандонат дар гирди ту ҳалқа задаанд ва зиндагии хуше дорӣ, дар муқобил бародарони мусулмонат дар ин ид гирифтори гуруснагӣ ҳастанд, ҳатто фаромўш кардаанд, ки дар кадом иде либосҳои нав пўшидаанд.
8) Кӣ дар ин ид хушҳол
мешавад?
Ҳама ба хотири фаро расидани ид хушҳол мешаванд, аммо чи касе воқеан хушҳол мешавад?
Ин ид аз он касе, ки либоси нав мепўшад ё моли зиёде ҷамъ мекунад, нест, балки иди касест, ки Парвардигорашро ибодат кардааст. Иди касест, ки ризои Офаридгорро касб кардааст ва лаззати дидор бо Парвардигорро дар рўзи қиёмат ба даст овардааст.
Искандари АБДУРАҲИМ










